Аксияҳои идона
Соли нав –фарорасии ин иди мӯъҷизавиро ҳар кадоми мо бесаброна интизорӣ мекашем. Албатта ин ҷашни пурнишот ташвишҳои зиёди хурсандиовар дорад.
Дил мехоҳад соли навро дар сари дастурхони пурнозу неъмати идона бо наздикону пайвандон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил намуда, барои зану фарзанд, падару модар, хешу табор ва ёру дӯстони ҷониамон тӯҳфаҳои рамзӣ тақдим намоем, вале барои ҳамаи ин албатта маблағ лозим аст.
Ба хотири кӯмак расонидан ба муштариёни азизи сомонаи
oila.tj мо беҳтарин аксияҳои солинавиро гирдоварӣ намудем.
Мехоҳед бонуи хонадонатонро бо харидани тӯҳфаҳои нав хурсанд гардонед ва ё ба писар ё духтаратон дар соли нав телефони мобилӣ ҳадя намоед?
Ҷиҳози манзилатонро пеш аз ид нав карданӣ ҳастед?
Ҳатман ба
Комерц-бонк муроҷиат намоед. Бо кӯмаки ин бонк шумо метавонед аз 20-ноябр то 31-декабр молҳои дӯстдоштаи худро ҳамагӣ бо 10%-и солона ва смартфонҳоро бо 8%-и солона насия бигиред! Барои ин кофист, ки ба веб-сайти
https://cbt.tj/nacia ворид шуда дархост гузоред!
Бонки Байналмиллалии Тоҷикистон бошад, дар арафаи соли нав Аксия-иқдоми “Афсонаи Шарқӣ”-ро эълон намудааст. Барои иштирокчии ин иқдом гаштан кофист, ки бо воситаи замимаи «OSON», аз корти “VISA”- и Бонки Байналмилалии Тоҷикистон ба кортҳои “VISA”- и бонкҳои кишварҳои ИДМ на камтар аз 500 сомонӣ маблағҳои пулиро интиқол диҳед! Бо шарофати иқдоми “Афсонаи Шарқӣ” Шумо метавонед соҳиби туҳфаҳои олиҷаноб аз қабили
1-ноутбук, 1-худрави электрикӣ, 5-телефони мобилӣ, 5- смарт соат, 5-наушник, 2 -велосипед гардед ва шоҳҷоиза-роҳхати сафар ба шаҳри афсонавии
Дубайро барои ду нафар бурд кунед!
Ба пули калон ниёз дошта бошед, метавонед ба
Бонки Эсхата муроҷиат намоед. Ба ифтихори соли нав Бонки Эсхата иқдоми “Ҷумъаи идона”-ро эълон намуда, аз 12 ноябр то 31-декабр ба мизоҷонаш маблағи то 30 000 сомониро бе гарав ва бе зомин қарз медиҳад. Мизоҷони ин бонк ҳамчунин аз ҳисоби хариди худ кэшбэк кор карда метавонанд. Маблағи харидро дар тамоми нуқтаҳои савдои пойтахт бо ёрии QR-код пардохт намуда, шумо 3% кэшбэк тӯҳфа мегиред!
Бонки Ҳумо бошад, ба хотири осон кардани кори мизоҷонашон дар арафаи соли нави мелодӣ хизматрасонии “Қарзи осон”-ро тариқи заминаи мобилии “Ҳумо-онлайн” ба сокинони кишвар пешниҳод менамояд. Мизоҷон метавонанд бе истироҳат, 24/7 рӯзи ҳафта, ҳамагӣ дар муддати 30 сония тариқи телефон, бо воситаи “Қарзи осон” аз замимаи мобилии “Ҳумо-онлайн” маблағи то 3000 сомониро ба мӯҳлати 3 моҳ қарз бигиранд.Маблағи қарз гирифтаи худро шумо метавонед дар хазинаи нақд кунонед ва ё ба корти худ гузаронида, баъдан тариқи банкоматҳои ЗАО МДО «Хумо» бигиред!
Умедворем, ки бо шарофати ин иқдомҳои солинавӣ базми идонаи шумо ширин ва хотирмон мегузарад! Соли наватон муборак бод!