Дастурхони солинавӣ бояд чӣ гуна бошад?


Ширину хотирмон гузаштани соли нав аз бисёр ҷиҳат ба ҳунар ва маҳорати кадбонуи хонадон вобастагӣ дорад. Бонувоне ҳастанд, ки бо сарфу хароҷоти начандон зиёд хони шоҳона меороянд.

Барои дуруст чидани мизи идона ва оро додани дастурхони солинавӣ ба хонумҳо баъзе қоидаҳоро ҳатман донистан ва риоя намудан зарур аст:

Фаромӯш накунед, ки соли 2022 соли паланг аст. Паланг бар замми пурқуввату зирак будан, шикорчии танҳост ва шӯру мағалро дӯст намедорад. Аз ҳамин хотир соли навро дар тарабхонаю клуб не, дар ҳалқаи аҳли оила, хешу табор ва ёру дӯстони наздиктарин ҷашн бигиред.

Ороиши асосии солинавӣ ин албатта арча аст, мизи идона низ бояд мисли арча зебою дилкаш ва назаррабо бошад.

Қоидаҳои оростани дастурхони солинавӣ


Албатта чи гуна оростани дастурхон ба ҳунару маҳорати кадбонуи хонадон вобаста аст, вале қоидаҳои умумие ҳастанд, ки дар сурати риоя намудан дастурхони идона шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо мекунад.

1. Паланг равшании аз ҳад зиёдро хуш надорад, агар чароғҳоро хомӯш карда, агар дар гирди миз ё дастурхони солинавӣ шамъҳоро фурӯзон кунед, базми идонаи шумо афсонавӣ ба назар мерасад.

2. Дастурхон, сачоқчаҳо ва зарфҳое, ки шумо дар рӯйи миз ё дастурхони идона мегузоред, бояд бо ҳам мувофиқ ва ҳамранг бошанд. Агар дар мизи идона зарфҳои рангашон сафеду атрофашон зарҳалинро гузоред, ба дастурхони шумо шаҳомоти хоса мебахшанд.

3. Албатта ҳар як кадбону барои базми идона хӯриш ва шириниҳои гуногун тайёр мекунад. Дар рӯйи яке аз хӯришҳо ва ё торти солинавӣ акси палангро тасвир намуда, онро дар маркази дастурхони идона гузоред, то хони шумо ба ҳокими сол хуш ояд.

4. Агар шумо ба базми солинавиатон меҳмон даъват карда бошед, ҳатман дар ҷое, ки меҳмонҳо мешинанд, ягон тӯҳфаи хурдакак гузоред. Шарт нест, ки тӯҳфа қимматбаҳо бошад, вале он эҳтироми шуморо ба меҳмон ифода хоҳад кард.

5. Паланг шоҳи ҳайвонот буда, базми шоҳонаро дӯст медорад, бинобар ҳамин, кӯшиш намоед, ки дар дастурхони идонаатон таомҳои гӯштӣ зиёдтар бошанд. Мурғи дар тафдон пӯхташуда, сихкабоб ва моҳибирён барои пешвозгирии соли нави мелодӣ беҳтарин ғизоҳо ба шумор мераванд. Аз нӯшокиҳо ба дастурхони солинавӣ Coca-Cola ва шарбати мева гузоштан мумкин аст.

6. Аксари бонувони муосир коргар ҳастанд ва барои пухтупаз кардан вақт намеёбанд. Барои он ки дар назди меҳмонҳо хиҷолат накашед, метавонед барои мизи идонаатон аз мағозаи фирмавии Шоколатье торту шириниҳои хуштамъу болаззат харидорӣ намоед. Бонувоне, ки шириниҳои туркиро дӯст медоранд, аз Merhabа паҳлава, лахат-лукум ва дигар шириниҳои асили туркиро метавонанд бо 20% тахфиф дастрас намоянд.

7. Мехоҳед дастурхони солинавии Шумо пурнозу неъмат бошад? Бо истифода аз маҳсулоти комбинати Шири Душанбе хар гуна шириниҳои лазиз пазед.