ИНТИХОБИ ЛИБОС БАРОИ БАЗМИ СОЛИНАВӢ


Соли 2022 аз рӯйи тақвими Шарқӣ соли паланг мебошад. Дар байни 12 ҳайвоне, ки ба тақвими Шарқӣ роҳ ёфтаанд, паланг аз ҳама ҳушёр ва зирак буда, шоҳи ҳайвонот ба ҳисоб меравад.

Паланг рамзи ҷасорат, қудрат ва зебоӣ буда, қувваҳои сиёҳ ғайрати бо паланги бадхашму тездандон панҷа заданро надоранд, аз ҳамин хотир дар соли нави 2022 шумо худро амон ва осуда эҳсос хоҳед кард. Барои истиқболи соли паланг бояд либоси зебо интихоб намоед.
Либоси идона барои мардҳо

Тавре ки аллакай ёдрас шудем, паланг рамзи қудрат ва ҷасорату мардонагӣ буда, масхарабозиро дӯст намедорад. Аз ҳамин хотир ба мардон маслиҳат медиҳем, ки барои ҷашни солинавӣ либосҳои бо усули классикӣ духташударо интихоб намоянд. Фаромӯш накунед, ки паланг ранги сиёҳро чандон хуш надорад, бинобар ин, шиму костюми кабуд, хокистарӣ ва ё қаҳваранг пӯшед, беҳтар аст. Барои ҷаззобтар намудани либосашон мардҳо метавонанд аз галстукҳои зебо истифода баранд.
Либоси идона барои бонувон

Тарроҳони машҳур ба хонумҳо дар соли паланг пӯшидани либосҳои синтетикиро тавсия намедиҳанд. Паланг шоҳи ҳайвонот буда, табиати зиндаро дӯст медоранд, бинобар ин, либосҳои аз матоъҳои табиӣ духташударо интихоб намоед. Фаромӯш накунед, ки дар соли 2022 танҳо либосҳои занонаи аз абрешим, чарм ва замш дӯхташуда мӯд мешаванд.

Дар базми солинавӣ чи гуна либос ба бар намудан ба синну сол ва касбу кори бонувон вобастагӣ дорад. Занҳои хонашин метавонанд куртаи атлас ба бар намоянд. Атласи рах-рах ба паланг писанд меояд, зеро то андозае ба пӯсти паланг монандӣ дорад. Рангҳои кабуду сафед дар либоси шумо бештар бошад, беҳтар аст.
Ба хонумҳои коргар ва бонувоне, ки либосҳои аврупоиро хуш доранд ва мутобиқи мӯд пӯшиданро дӯст медоранд, тавсия медиҳем, ки пироҳанҳои (платье) қаҳварангро интихоб намоянд.

Ногуфта намонад, ки шиму костюми солинавии хонумҳо бояд ранги равшан дошта бошад. Дар маҷмӯъ дар соли 2022 ба бонувон пӯшидани либосҳои рангашон зард, сабз, кабуд, осмонӣ ва қаҳраваранг тавсия дода мешавад.