Мехоҳед дастурхони солинавиатон пурфайз бошад?



Маҳсулоти комбинати “Ширин Душанбе”-ро харидорӣ ва захира намоед. Ҳайрон шудед, ки маҳсулоти ширӣ ба ҷашни соли нав чӣ алоқамандӣ дорад?

Аввалан:

Бо истифода аз сметанаю творог, ширу қаймоқ, паниру ҷурғот ва дигар маҳсулоти ширӣ, ки арзон ва дастрасанд, шумо метавонед бо дастони худ торту шириниҳои гуногун пухта, бо сарфи маблағи хеле кам дастурхони пуршукӯҳи идона ороед.

Дуюм:

Кист, ки дар рӯзҳои ид аз хурдани гӯшту ҳасиб, мурғу моҳӣ, торту кулчақанд, хӯришу хӯрокҳои бирёнӣ ва дигар хӯрданиҳои лазиз худдорӣ карда тавонад? Барои он ки баъди ид ба мушкилоти рӯдаву меъда гирифтор нашавед, маҳсулоти ширӣ истеъмол кардан лозим. “Кефир” ва маҳсулоти ширии комбинати “Шири Душанбе” кори меъдаву рӯдаҳоро беҳтар гардонида дар ҳазми хӯрок ёрӣ мерасонад.

Сеюм:

Барои он ки то кадом андоза зарур ва муфид будани маҳсулоти шириро дар соли нав дарк намоед, мо ба шумо тарзи пухтан ва тайёр кардани чанд намуд хӯриш, торт ва шириниҳои идонаро бо панир, шир, сметана ва қаймоқи “Шири Душанбе” меомӯзем, то дар соли нав шириниҳои лазизро бо дасти худ пухта, хони идонаатонро оро диҳед!

“Шири Душанбе”-дастурхони идонаи шуморо бою ғанӣ гардонида, дар соли нав бароятон саломатӣ ва табъи хуш ҳадя мекунад!

Торти «Арча»



Маҳсулоти лозима:
200 гр равғани маскаи истеҳсоли “Шири Душанбе”
150 гр шакар
60 гр шакари кӯфта
380 гр орд
3 гр моддаи ковоккунанда
100 гр шоколади сафед
180 гр тарошаи кокос
5 гр оҳар (крахмал)
100 мл саршир-сливки
2 зардии тухм
100 гр сметанаи “Шири Душанбе”

Тарзи пухтани торт


Зардиҳои тухмро то сафедшавӣ лат зада, ними шакарро андозед ва боз се дақиқаи дигар лат занед, сипас шакари боқимондаву сметанаи “Шири Душанбе”-ро илова намоед. Як стакон ордро бо моддаи ковоккунанда аралаш карда ба хамир андозед, баъд кам-кам орди боқимондаро бо қошуқ илова намоед. Хамир бояд ба даст начаспад. Онро ба яхдон гузоред.
Аз коғаз як ситораи калон бурида, ситораҳои дигарро хурдтар қайчӣ кунед. Аз хамири тунуккарда ситорача бурида даҳ дақиқа дар тафдон пазед.
Дар буғоб шоколадро бо саршир-сливки омезед. Тарошаи кокосро дар қаҳвакӯбак майда карда бо як қошуқча шакару оҳар омехта намоед ва ба малҳам андозед. Баъди хунук шуданаш малҳамро ба кулчаҳо пухта молида, ситораҳоро болои ҳам чинед.

Хӯриши “Мӯъҷизаи солинавӣ”


Дастурхони солинавиро чӣ зебу зиннат мебахшад? Албутта хӯришҳои рангоранг. Яке аз онҳо хӯриши Барои тайёр кардани ин хӯриш чунин маҳсулот лозим аст:
Гӯшти мурғ (Куриное филе)-250 гр
Панири голандии “Шири Душанбе-150гр
Замбурғӯгҳои оҷонидашудаи навъи “Шампиньоны”-250 гр
Панири “Моцарелла”- и Шири Душанбе – 100 гр.
Сабзӣ -2 дона
Картошка 2-3 дона
Тухм -4 дона
Чормағз-10-15 дона
Маёнез-300 гр
Намак ва мурч

Тарзи тайёр кардани хӯриш


Картошка, сабзӣ ва тухмҳоро ҷӯшонда, пӯст кунед. Гӯшти мурғро реза кунед. Чормағҳоро шикаста, мағзашонро кӯбед.
Дар як табақи калон хӯриши “Мӯъҷизаи солинавӣ”-ро қабат ба қабат ин тавр чинед:
Аввал нисфи сабзиро аз турбтарошак гузаронда, дар табақ тунук кунед. Аз болояш қабат ба қабат панири сахт, картошкаи обпаз ва тухмро аз турбтарош гузаронида, намаку мурч пошед ва ба ҳар қабат майонезро ғафсакак молед.
Пас аз ин гушти мурғи резашударо тунук карда, майонез молед ва замбуруғҳои “Шампиньоны”-ро чида аз болояшон чормағз пошед.
Баъдан бо тартиби баръакс картошка, тухм, майонез, панир ва сабзиро қабат ба қабат тунук кунед ва намаку мурч пошида, ба ҳар қабат маёнез молед.
Хоҳед, ки хӯриши “Мӯъҷизаи солинавӣ”-и шумо рамзӣ ва мисли барф сап-сафед сафед бошед, метавонед ба рӯяш тухм ва панири “Моцарела”-ро аз турбтарошак гузаронидаро пошед.
Ин хӯриши бисёр бомаззаро як шаб дар яхдон нигоҳ доштан лозим аст, то ки майонез ба тамоми қабатҳои хӯриш гузашта, боз ҳам хуштамъ ва болаззаттар гардад. Иштиҳои том!