Афсона ва мӯъҷизаҳои солинавӣ барои кӯдакон!

Фарорасии соли навро беш аз ҳама кӯдакон интизорӣ мекашанд. Бачаҳо сарфи назар аз синну солашон дар орзуи мӯъҷиза ҳастанд ва мехоҳанд иди соли навро дар олами сеҳрноки афсонавӣ гузаронанд.
Мехоҳед дар соли нав ба фарзандонатон тӯҳфаи фаромӯшнашавандае кунед, ки як умр дар хотирашон нақш бубандад?

“Тоҷикон-Холидей” дар якҷоягӣ бо истироҳатгоҳи “Шоҳамбарӣ” барои кӯдакон як базми идонаи сеҳрнок ва пур аз мӯъҷизаҳои солинавӣ ташкил кардааст!

Рӯзҳои 25, 26, 27 ва 28-декабр дар осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” барои кӯдакони тамоми синну сол “Карнавали пуршукӯҳи идона” баргузор мегардад, ки то ҳол назирашро дар Тоҷикистон касе дар ёд надорад!

Карнавали кӯдаконаи солинавӣ дар Амфитеатри осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” баргузор гашта, Бобои Барфӣ, Барфак ва масхарабозону ҳунармандони бомаҳорат фарзандони шуморо ба олами афсонавии пур аз сеҳру мӯъҷиза мебаранд.
Кӯдакон аз тамошои ҳунарнамоии дорбозу масхарабозони сирк ва қахроманҳои филмҳои тасвирӣ, тамошои филмҳои тасвирии навтарин ва барномаи рангин бо иштироки Бобои Барфию Барфак лаззат бурда, рақсу бозӣ мекунанд, аз чашидани лаззати кулчақанду шириниҳои гуногун ва шириниҳои болаззат баҳравар гашта, аксҳои хотиравӣ мегиранд ва соли навро ба таври афсонавӣ ҷашн гирифта бо тӯҳфаҳои аҷиб аз Бобои Барфӣ ба хона бармегарданд.

Мо бехатарии фарзандони шуморо таъмин намуда, бачаҳоро то базмгоҳ ва баъди анҷоми карнавал ба хона мерасонем!

Телефонҳо барои фармоиши чипта:
+992- 93- 555- 44- 55
93- 545 -16- 17

Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ