Соли Навро бо шириниҳои

биҳиштӣ пешвоз бигиред!


Соли навро бе рақсу бозӣ ва ҳазлу шӯхиҳо тасаввур кардан душвор аст.Базми солинавӣ дар ҳалқаи аҳли оила ва ёру дӯстон дар сари дастурхони пурнозу неъмат ширинтару гуворотар мегузарад. Албатта мизи солинавиро бидуни торт ва ширинӣ тасаввур кардан имкон надорад.
Мағозаи фирмавии “Шоколатье “ дар арафаи соли нави мелодӣ садҳо намуд торту шириниҳои гуногуни хуштамъ ва бомаззаро, ки лаззати биҳиштӣ доранд, ба мардуми шарифи Тоҷикистон пешкаш мекунад. Тамоми маҳсулоти мо аз шоколади асил, меваҳои ватанӣ, қаймоқи хонагӣ ва дигар маҳсулотҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза тайёр шуда, рангкунандаҳои кимиёвӣ тамоман истифода бурда намешаванд. Мизоҷон метавонанд меҳмони қаҳвахонаи “Шоколатье “ гашта, лаззати нотакрори ин торту шириниҳои асилро бичашанд ва барои базми солинавии худ ширинии дилкашашонро харидорӣ намоянд ва ё фармоиш диҳанд.

“Шоколатье “-Мо ба шумо лаззати биҳиштиро тӯҳфа мекунем!