Ба кӯдакон чӣ туҳфа кардан мумкин аст?
Фарорасии соли навро беш аз ҳама кӯдакон интизорӣ мекашанд. Тифлакон ба мӯъҷиза боварӣ доранд ва мехоҳанд дар соли нав аз Бобои Барфӣ ва падару модари меҳрубонашон тӯҳфа бигиранд. Табиист, ки барои ҳар як кӯдак ба синну солаш мувофиқ тӯҳфа интихоб намудан лозим аст, зеро чизе, ки ба кӯдаки 3 сола хуш меояд, метавонад ба писар ё духтарчаи 7-8 сола тамоман маъқул нашавад.
Мо ба шумо дар интихоби тӯҳфа ба фарзандонатон ёрӣ мерасонем.
Рӯҳияи кӯдакони то як соларо ҳама намуди бозичаҳо болида мегардонанд. Ба тифлакони ин синну сол махсусан пирамида, туб ва ҳар гуна бозичаҳои садодор писанд меояд.
Кӯдакони аз як то се сола бештар ширинидӯстдор мешаванд. Бачаҳои ин синну сол бо гирифтани халтачаи пур аз ширинӣ хурсанд мешаванд. Дар баробари халтачаи ширинӣ ба писарча ё духтарчаи худ шумо метавонед ягон бозичаи ҳаҷман начандон калонро ҳадя намоед.
Тӯҳфаҳо натанҳо кӯдакро хурсанд месозанд, балки ба васеътар шудани ҷаҳонбинии фарзанди шумо ёрӣ мераснанд. Дар баробари ин шумо метавонед ба фарзандатон тахтаи (доска)-и кӯдакона барои омӯхтани ҳарфҳо, қалам ва коғазҳои ранга, кубикҳои гуногуншакл ҳадя намоед.
Барои кӯдакони аз 5 то 9 сола тӯҳфаҳои калонҳаҷмро интихоб намоед. Киштича, ҳавопаймо ва мошинчаҳое, ки ба таври автоматӣ ҳаракат мекунанд ва ба ҳамин монанд ашёҳои гуногуншакл табъи кӯдакони ин синну солро болида мегардонад. Ҳамаи кӯдакон гирифтани тӯҳфаро дӯст медоранд, вале ба писарачаҳо мошинчаҳои ҳаракаткунандаю яроқҳои овоздор бештар писанданд. Аз ҳамин хотир кӯшиш намоед чизеро ба фарзандони худ тӯҳфа кунед, ки барояшон писанд аст.
Тӯҳфаи шумо бо худ ягон ширинӣ дошта бошад, фарзандатон бештар хурсанд хоҳад шуд.
Хубтараш чӣ тӯҳфа намуданро аз худи кӯдак пурсон шавед.